Зимни мулоқот бо аҳолии аз заминларза осебдидаи ноҳияи Тавилдара сокинон аз сарвари давлат дархост карданд, ки онҳо ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шаванд.
Ёдрас мекунем, ки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз бозгашт аз шаҳри Маскав дарҳол ба ноҳияҳои аз заминларзаи 13-уми май бештар осебдидаи Рашту Тавилдара сафар кард.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар ду деҳаи ноҳияи Рашт 8 хона пурра ва 16-тои дигар қисман хароб шудааст. Чанд-тои онҳо, ки дар деҳаи Лангарак қарор доштанд, аз зарби теппаи дар натиҷаи боришоти зиёд ва заминларза фурӯдомада хароб гаштааст.
Ба ҳамаи осебдидагон маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, шакар, биринҷ ва ҳамчунин хаймаҳо дастрас карда шудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ дастур дод, ки хонаҳои харобгаштаи ноҳияи Раштро то моҳи сентябри соли равон бо ашёи рӯзгорашон барқарор намоянд.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки хонаҳои дар мавзеъҳои осебпазир қарордошта ба маҳалҳои бехавф кӯчонда шаванд.
Аз ин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Тавилдара ташриф овард.
Зимни боздид аз мавзеъҳои аз заминларза осебдидаи ин ноҳия, аз ҷумла аён гардид, ки дар ин ҷо асосан хонаҳои деҳоти хурд-хурди кӯҳистон, ки аз сангу лой бе истифода аз сементу дигар масолеҳи сохтмонии устуворкунанда ва қоидаҳои бехатарӣ сохта шудаанд, қисман ва ё пурра хароб гаштаанд.
Ин деҳоти кӯҳистон, аз ҷумла Руботнол ва Ғарибон дур аз ободӣ қарор дошта, аксари хонаҳои онҳо дар роҳи селгузар ва ё мавзеъҳои фурӯд омадани ярчу тарма ҷойгир шуда, барои зист басо пурхатаранд. Аз ин хотир худи сокинони ин деҳот хоҳиш доранд, ки онҳо ба ҷойҳои бехавф, аз ҷумла ба ноҳияҳои вилояти Хатлон кӯчонда шаванд.
Сарвари давлат ба масъулин дастур дод, ки дар муҳлати 5 рӯзи оянда ҳаҷми зарари расида ва шумораи оилаҳои бесарпаноҳмондаро дақиқ намуда, рӯйхати оилаҳои ба ноҳияи Қумсангир хоҳиши кӯчидан доштаро тартиб диҳанд.
Таъкид гардид, ки ба ҳамаи оилаҳое, ки хонаҳояшон осеби ҷиддӣ дидаанд, барои сохтмони хонаҳои нав дар мавзеъҳои бехавфи зодгоҳашон ва ё дар ноҳияи Қумсангир замини наздиҳавлигӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ҷудо карда мешавад.
Дастур дода шуд, ки маҳаллаҳои нави аҳолинишин бо тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатҳои барқу об ва ғайра ба нақша гирифта шаванд.
Тибқи супоришҳои Сарвари давлат дар ҷойи мактаби харобгардидаи деҳаи Руботноли ноҳияи Тавилдара, ки ҳамчунин бе риояи қоидаҳои бехатарӣ бунёд ёфта будааст, як мактаби нави замонавӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ва таҷҳизонида хоҳад шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста