Имрӯз уми май дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» баррасӣ шуд.
Тавре аз хадамоти матуоти палтаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, аз рӯи масъалаи мазкур раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов баромад намуда, изҳор дошт, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ мебошад.
Зикр гардид лоиҳаи ин қонун асосҳои ҳуқуқии мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолиро, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд ва техникаю технологияҳои навинро барои васеъ намудани на кам аз нисфи истеҳсолот ҷалб менамоянд, муайян намуда, тартиби татбиқи мораторияро муқаррар ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва рушди иқтисодиёти давлатро таъмин менамояд.
Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин як қатор лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» ва дигар лоиҳаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, дар Шӯро Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 500 кВ дар Нерӯгоҳи барқи обии Норак», Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эътироф кардан ва мавриди иҷро қарор додани қарорҳои арбитражи хориҷӣ баррасӣ шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста