Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшудаи қонун «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»-ро якдилона маъқул шумориданд.
Зимни шарҳу тавзеҳи лоиҳаи қонун дар ҷаласаи навбатии парлумон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саидов зикр кард, ки лоиҳаи қонун бо мақсади даст ёфтан ба рушди бахши хусусӣ, иқтисоди миллӣ, беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолӣ, мубориза алайҳи зуҳуроти иқтисоди пасипардагӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ таҳия гардидааст.
«Мораторияи сесола танҳо ба корхонаҳое дахл хоҳад дошт, ки дар истеҳсолот технологияҳои навтаринро мавриди истифода қарор медиҳанд, - гуфт вай. – Барои рӯйи кор омадани ин иқдом комиссияи давлатие таъсис дода хоҳад шуд, ки ба ҳайати он мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони бахши хусусӣ шомил хоҳанд гашт».
Дар ин робита вакили парлумон, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ пешниҳод кард, ки мораторияи санҷиш натанҳо ба корхонаҳои нав, балки ба корхонаҳои амалкунандаи кишвар низ ҷорӣ карда шавад.
Дар навбати худ, Д.Саидов изҳор кард, ки истеҳсолкунандагони маҳсулоти амалкунанда аз имтиёзоти дигар, аз ҷумла аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд.
Ба андешаи вакили парлумон, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов, дар баробари воқеияти имрӯза ва санҷишҳои сершумор аз ҷониби сохторҳои ҳукумат аксари корхонаҳо аз фаъолият даст хоҳанд кашид.
Ш.Шабдолов суол кард, ки кадом мақомот сатҳи навтарин будани технологияро муайян мекунад ва дар посух Д.Саидов гуфт, «ин аз ҷониби Комиссияи давлатие, ки таъсис меёбад, ҳаллу фасл хоҳад шуд».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста