Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ вакилон бидуни баррасӣ тағйироти иловашуда аз ҷониби президенти Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи мақоми шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ дар қаламрави ҶТ»-ро якдилона маъқул шумориданд.
Мутобиқи тағйироти қабулшуда, Тоҷикистон ба таври якҷониба метавонад реҷаи раводид барои шаҳрвандони як қатор кишварҳоро бекор созад.
Зимни шарҳи тағйироти мазкур ба вакилон муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ Маҳмудҷон Собиров иброз дошт, ки бархе аз кишварҳо, аз қабили Малайзияву Туркия ва Сингапуру Миср ба таври якҷониба реҷаи раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистонро бекор кардаанд.
«Дар навбати худ, ҳукумати Тоҷикистон ояндаи наздик бекор сохтани реҷаи раводид барои шаҳрвандони ИМА, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва як қатор давлатҳои минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқиро, ки дар кишвари мо ба муддати на зиёдтар аз як моҳ ҳузур доштанианд, ба нақша гирифтааст», - таъкид кард намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ.
Ба гуфтаи М.Собиров, бекор сохтани реҷаи раводид ба таври якҷониба ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ, рушди сайёҳӣ ва ҳамчунин демократияи мардумӣ таъсири мусбат хоҳад гузошт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста