Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум вакилони палатаи поёнии парлумон бидуни баррасӣ тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»-ро маъқул шумориданд.
Зимни суханронӣ дар назди вакилон оид ба шарҳи тағйироту иловаи мазкур вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Менглиев изҳор кард, ки ин тағйироту илова дар барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии ҳукумат пешбинӣ гардида, ба баланд бардоштани нақши судиҷрочиён дар ҷомеа нигаронида шудааст.
«Мутобиқи тағйирот, аз ин ба баъд судиҷрочӣ бидуни дастури суд ба муваққатан маҳдуд кардани хурӯҷи шахсон ба хориҷи кишвар, ки аз афроди дигар ё дар назди давлат қарздоранд, ҳуқуқ пайдо мекунад, - гуфт вазир. – Ҳамчунин акнун судиҷрочӣ бидуни розигии суд метавонад ҳолатҳои ситонидани ҷарима ё баргардонидани қарҳоро ба муддати якчанд рӯз мавқуф гузорад».
Вакилони парлумон ҳамчунин бидуни баррасӣ тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи давлатии иштирокчиёни истеҳсолоти судӣ»-ро қабул карданд.
Ба гуфтаи муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Нурулло Орифов, мутобиқи ин тағйирот, дар сурати эҷод шудани хатар ба ҳаёт, давлат шахсони ба тафтишоти парвандаи ҷиноӣ мусоидатнамударо таҳти муҳофизати худ қарор медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста