Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум вакилон тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба буҷети давлатии соли 2012-ро якдилона маъқул шумориданд.
Зимни суханронӣ доир ба ин масъала вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки мутобиқи тасҳеҳоти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда, Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллӣ зимни ба Тоҷикистон ворид кардани як миқдор аслиҳаву муҳимот, қисмҳои эҳтиётӣ барои нақлиёти автомобилӣ ва чархболҳо аз андоз аз арзиши изофа (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
Вазири молия ҳамчунин зикр кард, ки ҳукумати ҷумҳурӣ аз парлумон ҳамчунин дархост мекунад, ки воридоти ду дастгоҳи томографии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ низ аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд. Ин дастгоҳҳо бо арзиши беш аз 5 млн. сомонӣ дар беморхонахои шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа насб карда мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми маблағҳои аз ААИ ва боҷи гумрукӣ озодшуда оид ба масоили дар боло зикршуда 1,2 млн. сомониро ташкил медиҳад.
«Ғайр аз ин, дархост карда мешавад, ки воридоти 1 млн. телефонҳои хонагӣ ба ҷумҳурӣ бо арзиши умумии 66 млн. сомонӣ, ки дар манзилҳои зиёда аз 250 ҳазор нафар қишри камбизоати аҳолӣ насб карда мешаванд, низ аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд», - гуфт вазир. С.Наҷмиддинов таъкид кард, ки насби телефонҳо ройгон сурат гирифта, ҳаҷми маблағҳои аз ААИ ва боҷи гумрукӣ озодшуда аз рӯйи ин масъала ба 15,9 млн. сомонӣ баробар хоҳад шуд.
Дар робита ба ин масъала вакили парлумон, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов гуфт, дар таҷрибаи кори вакилиаш бори нахуст аст, ки ҳукумат воридоти маҳсулоту таҷҳизотро аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озод карда, ба нафъи қишри камбизоати аҳолӣ истифода мекунад.
Номбурда таъкид кард, ки тақсимоти дастгоҳҳои телефони хонагӣ ба аҳолӣ ва фурӯши миқдори боқимондаи онҳо (750 ҳазор адад) бояд таҳти назорати қатъии Вазорати молия қарор дошта бошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста