Ахири ҳафтаи гузашта нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов бо рафти корҳои сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа дар қитаъи роҳи оҳани ояндаи Ваҳдат-Ёвон аз наздик ошно гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ хабар доданд, дар қитъаи сохтмон ба нахуствазир маълумот доданд, ки аз оғози корҳои сохтмонӣ аз соли 2009 дар ин иншоот қариб 2,5 млн. метри мукааб корҳои заминӣ ба иҷро расида, ҳудуди 30 адад иншооти хурд бунёд ва зиёда аз 5 км хатти роҳ васл шудааст. Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа як қисмате аз лоиҳаи ояндаи байнулмилалии сохтмони роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин мебошад.
Мувофиқи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳа, арзиши сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа 130 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, дар чаҳорчӯби он сохтмони 18 пули хурду бузург ва 1 нақб бо дарозии 2340 метр пешбинӣ шудааст. Дар машварати корӣ, ки дар қитъаи сохтмони роҳ доир гардид, Оқил Оқилов аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба коргарони пешсаф туҳфаҳои арзишманд ва мукофотпулиҳо тақдим кард.
Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2011 президенти Тоҷикистон бо соҳтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон шинос шуда, 4,2 километри роҳро бо ҳамроҳонаш тайннамуда буд. Сарвари давлат муҳим будани ин роҳро таъкид сохта, изҳор дошта буд, ки он қариб чор маротиба масофаи миёни шаҳрҳои Душанбеву Қӯрғонтеппаро кӯтоҳ мекунад. Ғайр аз ин, дар паёми солонаи худ ба парлумон моҳи апрели соли равон Эмомалӣ Раҳмон зарурати суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар иншотро бори дигар таъкид сохт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста