Ваколатҳои намояндаи мардумии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Хадича Ҳакимова, ки чанде қабл аз олам даргузашт, ба узви дигари Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, муовини директори генералии нерӯгоҳи «Роғун» Дилшод Исматуллоев дода мешаванд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ хабар дод, Хадича Ҳакимова дар ҳавзаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ тибқи рӯйхати ҲХДТ ба вакилии парлумон интихоб шудааст ва аз ин рӯ, ҷойи холишудаи ӯ ба номзади минбаъдаи ҲХДТ тибқи рӯйхат дода мешавад.
Хадича Ҳакимова панҷумин вакили палатаи поёнии парлумон аз ҲХДТ аст, ки пеш аз муҳлат ваколатҳояш бекор мешаванд. Қаблан чор нафар вакилони палатаи поёнии парлумон аз ҲХДТ – Ҳаёт Одинаев, Ҳусейн Алиев, Ҷумъабой Сангинов ва Талбак Салимов дар робита ба таъин шудан ба мансабҳои давлатӣ парлумонро тарк карда буданд.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста