Имрӯз парлумони Тоҷикистон ба 14 қонун тағйироту илова ворид намуд, ки якчанд маротиба кам кардани ҳаҷми кӯмакпулиҳои якдафъаина ба кормандони мақомоти қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти судӣ ва ҳамчунин вакилони палатаи болоӣ ва поёнии парлумон зимни ба нафақа баромадан, маъюб шудан ё фавтро пешбинӣ мекунад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби президент ва ҳукумати ҷумҳурӣ ба парлумон ирсол шуд.
Зимни суханронӣ дар иҷлосияи палатаи поёнии парлумон вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар робита ба ин масъала гуфт, ин пешниҳодот ба хотири муваффақона гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар ва сарфаи маблағҳои буҷетӣ сурат гирифтааст.
Ба гуфтаи вазир, ҳаҷмҳои феълан амалкунандаи кӯмакпулиҳо замоне муқаррар шуда буданд, ки ҳаҷми музди меҳнати кормандони мақомоти прокуратура ва суд ба ҳисоби миёна аз 13 то 31 сомонӣ дар як моҳро ташкил медоданд. «Тайи 10 сол музди меҳнати онҳо 100-150 маротиба афзуда, мутаносибан ҳаҷми кӯмакпулиҳо низ зиёд шуд. Масалан, вакили палатаи поёнии парлумон зимни ба нафақа баромадан ё анҷоми муҳлати ваколатҳо дар ҳаҷми 6 музди меҳнати моҳона ва кормандони Вазорати мудофиа дар ҳаҷми 10 музди меҳнати моҳона кӯмакпулӣ мегирифтанд. Кормандони мақомоти гумрук, милиса ва прокуратураву судҳо низ аз чунин имтиёз бархӯрдор буданд», - гуфт ӯ.
Вазир мисоли дигар ҳам овард. «Дар сурати ҳалокати корманди Прокуратураи генералӣ зимни иҷрои вазифаҳои хидматӣ ба оилаи ӯ дар ҳаҷми музди меҳнати 15-сола кӯмакпулии якдафъаина дода мешуд», - изҳор кард вазири молия.
Аз ин ба баъд зимни ба нафақа баромадан, анҷоми муҳлати ваколатҳо ё маъюб шудан ба вакилони парлумон ва дигар категорияҳои кормандон дар ҳаҷми се музди меҳнати моҳона кӯмакпулӣ дода мешавад.
Ёдрас мекунем, ки айни замон ҳаҷми музди меҳнати моҳонаи вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 4 ҳазору 950 сомониро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста