Имрӯз таҳти роҳбарии раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, дар ҷаласа лоиҳаҳои қонунҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи варзиш» ва «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор» баррасӣ шуда, онҳо ҷиҳати баррасии минбаъда ба кумитаву комиссияҳои дахлдори парлумон ирсол гардиданд.
«Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи милитсия», «Дар бораи гурезаҳо» ва «Дар бораи сайёҳӣ» низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд», - гуфт манбаъ.
Бо қарори Шӯро ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум рӯзи 29-уми июн дар Душанбе доир мегардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста