Имрӯз дар ҷаласаи охирини иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум вакилони парлумон бидуни баррасӣ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи маҳсулоти ғизойӣ»-ро якдилона дастгирӣ намуданд.
Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба шарҳу тавзеҳи моҳияти қонуни мазкур муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Гулчеҳра Бозорова изҳор кард, ки лоиҳаи қонуни зикршуда бо ҷалби коршиносони байнулмилалӣ таҳия гардида, яке аз талаботи ба Созмони ҷаҳонии савдо ворид шудани Тоҷикистон мебошад.
«Пеш аз ҳама ин қонун ба ҳифзи ҳаёт ва солимии аҳолии Тоҷикистон ва ҳифзи муҳити зист нигаронида шуда, меъёри назорати давлатӣ ба истеҳсол, ҳамлу нақл ва савдои маҳсулоти ғизойиро муайн мекунад», - гуфт Г.Бозорова.
Ба қавли муовини вазир, мутобиқи қонун масъулияти асосии таъмини бехатарии маҳсулоти ғизойӣ дар ҷумҳурӣ ба дӯши истеҳсолкунандагон вогузор шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста