Имрӯз раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров аз фаъолияти иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум натиҷагирӣ кард.
Зимни суханронӣ назди вакилон ӯ иброз дошт, ки аз моҳи октябри соли 2011 то моҳи июни соли 2012 27 ҷаласаи иҷлосияи сеюми маҷлиси намяондагон доир гардиданд, ки дар онҳо 140 қонунҳо қабул шуданд. Дар 39 ҷаласаҳои Шӯрои палатаи поёнии парлумони кишвар 571 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар идома Шукурҷон Зуҳуров ибрози боварӣ намуд, ки қонун ва асноди меъёрӣ, созишномаҳо ва қарорҳои аз ҷониби парлумон қабулшуда ба рушди иқтисод, бахши иҷтимоии ҷумҳурӣ ва ҳамчунин таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат мекунанд.
Пас аз суханронии Шукурҷон Зуҳуров кори иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум пӯшида эълон гардида, вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар ба таътили тобистона мебароянд.
Мутобиқи муқаррароти регламенти Маҷлиси намояндагон, рухсатиҳои меҳнатии вакилони мардумии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз 1-уми июл оғоз гардида, то нимаи моҳи август идома меёбанд. Сипас вакилони мардумӣ бо интихобкунандагони худ вохӯрда, ҳамчунин дар кумита ва комиссияҳои парлумон машғули кор хоҳанд шуд.
Дар назар аст, ки иҷлосияи 4-уми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аввали моҳи октябр оғоз мегардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста