Чанде қабл таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии ҳукумати мамлакат баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар маҷлис масъалаҳои умдаи ҳаёти ҷории кишвар, хусусан вазъи кунунии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.
Ба иттилои манбаъ, дар оғоз гузориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ва аъзои гурӯҳи ҳукуматӣ Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов оид ба таъмини эътидол дар шаҳри Хоруғ шунида шуд.
Баъд аз муҳокимаи нуқтаҳои гузориш аз мардуми шарифи ВМКБ, пеш аз ҳама сокинони шаҳри Хоруғ даъват карда шуд, ки барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гурӯҳҳои ҷинояткор ва таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ бо мақомоти масъули давлатӣ ҳамкорӣ намоянд.
Таъкид гардид, ки гурӯҳҳои ҷинояткори мусаллаҳ бояд яроқу аслиҳаро супурда, дар назди қонун ҷавоб гӯянд.
Ҳам аз роҳбарони мақомоти масъули давлатӣ ва ҳам мардуми Бадахшон, қабл аз ҳама шахсиятҳои соҳибнуфузи ин минтақаи баландкӯҳ, талаб карда шуд, ки барои барқарор намудани фазои амну субот ва боварии байниҳамдигарӣ ҷаҳду талош намуда, дар пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва аъмоли худсаронаи ғайриқонунии гурӯҳҳо ва нафарони ҷиноятпеша фаъол бошанд.
Дар фарҷоми маҷлис қарор карда шуд, ки тамоми мақомоти давлатӣ барои ба эътидол овардани вазъи шаҳри Хоруғ ва татбиқи дастуру супоришҳои қаблии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят чораҳои аввалиндараҷа андешанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста