Бо фармони сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Нуриддини Шамсов сафири нави Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъин карда шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, қаблан Нуриддини Шамсов ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Австрия, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва созмонҳои дигари байналхалқӣ (Вена, Австрия) ифои вазифа мекард. То сари мансаб омадани Н.Шамсов намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ИМА-ро Абдуҷаббор Ширинов роҳбарӣ мекард.
Ҳамчунин бо фармони сарвари давлат сафири Тоҷикистон дар Ҷопон Ғуломҷон Бобозода ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея таъин карда шуд.
Исматулло Насрединов намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва созмонҳои дигари байналхалқӣ (Вена, Австрия) таъин гардид. То ин замон ӯ дар мансаби сардори Раёсат оид ба кишварҳои Аврупо ва Амрикои Вазорати корҳои хориҷӣ фаъолият дошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста