Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 105 нафар кадрҳоро, ки ба вазифаҳои пурмасъулият дар мақомоти судии ҷумҳурӣ пешниҳод шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар оғози мулоқот фармони президенти Тоҷикистон оид ба таъин ва озод намудани кадрҳои ин соҳа қироат карда шуд. Ҳамин тариқ, бо фармон президент 42 нафар коромӯзони соҳа бори нахуст ба вазифаи судя таъин карда шуданд, ки 13 нафари онҳо занону духтарон мебошанд. Ҳамагӣ 24 нафар занону духтарон имрӯз ба вазифаҳои гуногун дар мақомоти судӣ таъин шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, 63 нафар кадрҳои роҳбарӣ ва судяҳои мақомоти вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ, аз ҷумла раисони судҳои шаҳру ноҳияҳои Ванҷ, Мурғоб, Темурмалик, Носири Хусрав, Сарбанд, Қумсангир, Ваҳдат, Роғун, Файзобод, Нуробод, Тавилдара, Тоҷикобод, раиси Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон иваз карда шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо онҳо аз воқеаҳои нангини ба ҷинояту қонуншиканӣ даст задани худи кормандони суд ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ёдовар шуда, аҳли нишастро ба кори содиқонаю софдилона, риояи адолати судӣ ва сазовор будан ба боварию эътимоди роҳбарияти давлату ҳукумат ва мардуми кишвар ҳидоят намуд. «Вазифа бо амру фармон дода мешавад, вале соҳиби обурӯ ва ҳурмату эҳтиром шудан танҳо ба кирдору рафтор ва муносибату муоширати худи соҳибмансаб вобаста аст», - таъкид дошт сарвари давлат.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста