Рӯзи 17-уми август дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти сарварии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи нави Кодекси андози Тоҷикистон баррасӣ мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, пас аз ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Кодекси нави андоз дар кумитаву комиссияҳои парлумон мавриди баррасиву омӯзиш қарор мегирад.
Ёдрас мекунем, ки санаи 30-юми июл дар ҷаласаи ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав баррасӣ шуд. Мутобиқи муқаррароти он, шумори андозҳо дар кишвар аз 21 то ба 10 номгӯй кам карда мешавад. Кодекси нави андоз марҳила ба марҳила, шурӯъ аз соли 2013 то соли 2017 мавриди амал қарор дода мешавад.
Рӯзи 14-уми август президенти Тоҷикистон оид ба даъвати иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба имзо расонид, ки мувофиқи он иҷлосияи мазкур 5-уми сентябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Ба баррасии иҷлосияи мазкур лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодоти президенти Тоҷикистон оид ба таъин намудани раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста