Таҷлили ҷашни 80-солагии шаҳри Хоруғ бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки қаблан рӯзҳои 21-22-юми август пешбинӣ шуда буд, ба даҳаи аввали моҳи сентябр мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади кам кардани хароҷоти чорабиниҳои идона чунин тасмим гирифта шудааст.
«Ҷашни шаҳри Хоруғ рӯзҳои 6-7-уми сентябр дар баробари ҷашни 21-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон таҷлил мегардад, - гуфт раиси ВМКБ. – Ҷашни муштараки ду чорабинии идона дар як вақт имкон медиҳад, ки хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ба таври назаррас сарфа шаванд».
Дар посух ба суоли хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҷеъ ба иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои идонаи шаҳри Хоруғ, Қ.Қосим иброз дошт, ки алҳол дар ин бора дақиқан чизе маълум нест.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста