Имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров сафири Индонезия дар Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Асруҳинро бинобар сабаби анҷоми ваколати дипломатиаш дар ҷумҳурии мо ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба фаъолияти гуногунсоҳаи сафирии ҷаноби Муҳаммад Асруҳин дар мамлакати мо, раванди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Индонезия дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ, равобит дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, туризм, кишоварзӣ, фарҳанг ва илму маориф изҳори назар карда шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагон ба масъалаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Индонезия дар соҳаи илму маориф дахл намуда, тазаккур дод, ки ҳоло дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Индонезия тақрибан 100 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд. «Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки Ҷумҳурии Индонезия дар тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои гуногун таҷрибаи кофӣ дорад, мо алоқаманди афзоиш ёфтани шумораи донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таълимии ин кишвар ҳастем», - гуфт ӯ.
Дар навбати худ, сафири Индонезия дар Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Асруҳин иброз дошт, ки бо ташаббуси сафорати Индонезия дар Тоҷикистон дар охири моҳи октябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо мақсади шиносоии бештари аҳолии Тоҷикистон бо фарҳанг ва тамаддуни Ҷумҳурии Индонезия маҳфили фарҳангӣ баргузор намуда, дар бораи таърих, фарҳанг ва дигар соҳаҳои кишвари худ маълумоти муфассал пешниҳод хоҳад кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста