Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти роҳбарӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Ҳикматов аз вазифаи Раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд озод шуд ва ба ҷои ӯ Мирзоаҳмад Аҳмадзода Иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия таъин гардид.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Нозирӣ аз вазифаи Муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Воробев Владимир Василевич аз вазифаи Сармуҳаррири рӯзномаи Народная газета, Ҳайдар Ҷӯраев аз вазифаи Сармуҳаррири рӯзномаи Халқ овози, Абдурашид Хуҷамқулов аз вазифаи Муовини якуми директори телевизиони Сафина ва Шаҳло Насриддинова аз вазифаи Муовини директори телевизиони Сафина, Исроил Носиров аз вазифаи Директори гурӯҳи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ва Зафар Саидов аз вазифаи Муовини роҳбари минтақаи озоди иқтисодии Суғд озод шуданд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Саид Сиддиқов Муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сироҷиддин Иззатуллоев Сармуҳаррири рӯзномаи Народная газета, Ёқубҷон Абдуманонов Сармуҳаррири рӯзномаи Халқ овози ва Абдукарим Ҳикматов Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии Востокредмет таъин карда шуданд.
Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камол Абдураҳимов аз вазифаи Сармуҳаррири рӯзномаи Ҷумҳурият, Ҳуриннисо Ализода аз вазифаи Сармуҳаррири Маҷаллаи Бонувони Тоҷикистон ва Саид Сиддиқов аз вазифаи Мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуданд.
Ҳамчунин бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳло Насриддинова Сармуҳаррири Маҷаллаи Бонувони Тоҷикистон, Исроил Носиров Директори гурӯҳи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ, Ҳуринисо Ализода ва Нодир Мирзоев муовинони директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурашид Хуҷамқулов Директори Радиои Тоҷикистон ва Самариддин Гадоев Директори шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нафарони ба вазифаҳои нави пурмасъулият таъиншударо табрику таҳният гуфта, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ва риояи бечуну чарои талаботи қонунгузории кишвар ҳидоят намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста