Имрӯз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»-ро маъқул донист.
Зимни шарҳи қонуни мазкур роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки дар лоиҳаи қонун асосҳои ҳуқуқӣ ва тартиби баргузор намудани ташхиси зиддикоррупсионии санадҳои меъёриву ҳуқуқии аз ҷониби мақомоти давлатӣ, президент ва парламент қабулгардида пешбинӣ шудааст.
«Лоиҳаи қонуни мазкур пеш аз ҳама барои дар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ҷой надоштани воситаҳо барои роҳандозии фаъолияти коррупсионӣ пешниҳод гардида, барои баргузории ташхис кормандони Агентии зиддифасод, Вазорати адлия, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқшиносони вазорату идораҳо ҷалб карда мешаванд», - гуфт ӯ.
Бо изҳори шубҳа ба ин масъала раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, намояндаи мардумӣ Шодӣ Шабдолов изҳор кард, ки «ҳамасола дар кишвар даҳҳо ҳазор асноди меъёриву ҳуқуқӣ қабул мешаванд ва барои ташхиси онҳо ҳатто як артиши комили ҳуқуқшиносону коршиносон низ кофӣ нест».
Дар ин робита раиси палатаи поёнии парулмони кишвар Шукурҷон Зуҳров иброз дошт, ки на ҳамаи асноди меъёриву ҳуқуқӣ ба ташхиси зиддикоррупсионӣ ниёз доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста