Имрӯз пас аз барррасии дусоата вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  ҶТ лоиҳаи қонун «Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2013»-ро маъқул шумориданд.

Зимни шарҳи буҷети соли оянда ба вакилон, вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки буҷети давлатии соли 2013 аслан барои расидан ба се ҳадаф - ноил гардидани ҷумҳурӣ ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти ғизоиву ҳифзи иҷтимоӣ равона гардидааст.

Ба гуфтаи ӯ, буҷети давлатии соли 2013 дар ҳаҷми 12,1 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба буҷети давлатии соли гузашта 2 млрд. сомонӣ зиёдтар аст.

Мувофиқи пешгӯии ҳукумати ҶТ, соли 2013 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 42,1 млрд. сомонӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот – 7,4% ва сатҳи таваррум – 9%-ро ташкил медиҳад. Қурби доллар нисбат ба сомонӣ 5 сомонӣ барои 1 доллари ИМА пешгӯӣ мешавад. Касри буҷет бошад, дар ҳаҷми 210,5 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки буҷети давлатии соли 2013 низ хусусияти иҷтимоӣ дошта, аз нисф зиёди воситаҳои буҷет (6,4 млрд. сомонӣ) ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона мегарданд.

Зимни суханронӣ дар назди вакилони парлумон роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар итминон дода буданд, ки сарфи назар аз қабули Кодекси нави андоз ва дар ин робита коҳиш ёфтани даромад аз андозҳо ба буҷет дар ҳаҷми аз 800 млн. то 1 млрд. сомонӣ, нишондиҳандаҳои лоиҳаи буҷети пешниҳодшуда иҷрошавандаанд. Зикр гардид, ки соли оянда барои пардохти қарзи берунӣ 670 млн. сомонӣ маблағ ҷудо мегардад.

Раиси Кумитаи МН МО ҶТ оид ба иқтисоду молия Сафаралӣ Раҷабов изҳор кард, ки дар лоиҳаи буҷети соли оянда барои воридоти нақлиёти мусофирбар ба пойтахт, битуму газ барои Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, сохтмони меҳмонхонаҳо дар хиёбони Рӯдакуиву Айнии пойтахт ва воридоти қисмҳои эҳтиётӣ барои истеҳсоли тракторҳо дар ширкати «Тоҷирон» як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шудааст.

Вакили парлумон Домуллоҷон Ҷабборов иброз дошт, ки сарфи назар аз пешгӯиҳои Вазорати молия оид ба иҷрои тамоми нишондиҳандаҳои буҷети соли 2012, дар як қатор муассисаҳои буҷетии манотиқи кишвар мушкилоти қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат ҷой дорад. Дар посух вазири молия иттилоъ дод, ки ин мушкилот бар асари иҷро нагардидани баъзе нишондиҳандаҳо дар буҷетҳои маҳаллӣ пайдо шуда, пас аз дахолати ҳокимияти маҳаллӣ ҳаллу фасл шудаанд.

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов изҳор намуд, ки дар муқоиса бо буҷети соли гузашта дар буҷети соли равон андозҳо аз фурӯши алюминий, нахи пахта ва маҳсулоти зераксизӣ коҳиш ёфтаанд. Сафаралӣ Наҷмиддинов дар посух гуфт,  сабаб дар он аст, ки дар Кодекси нави андоз чанде аз навъи андозҳо, аз ҷумла андоз аз фурӯши алюминий ва коркарди алюминии аввалия муттахид шуда, ғайр аз ин, дар кишвар сол то сол истеҳсол ва воридоти маҳсулоти зераксизӣ аз қабили сигарету машрубот коҳиш меёбад.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров ба масъалаи маблағҳои пешбинишудаи буҷет барои интиқоли ҷасади муҳоҷирини кории тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир намуда, изҳор намуд, ки сарфи назар аз таъкидҳои зиёди сарвари давлат, сол то сол мушкилоти интиқоли ҷасади муҳоҷирон бештар мешавад.

Дар ин робита вазири молияи ҷумҳурӣ иброз дошт, ки барои таъмини интиқоли ҷасади муҳоҷирон дар буҷети соли оянда беш аз 200 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда, дар сурати зарурат, ҳукумат боз метавонад маблағҳои иловагӣ низ ихтисос диҳад.

Шодӣ Шабдолов ҳамчунин аз он изҳори тааҷҷуб намуд, ки дар буҷети соли оянда барои фаъолияти дастгоҳи идоракунии давлатӣ дар муқоиса бо буҷети соли гузашта 5 маротиба бештар маблағҳо пешбинӣ шудаанд. «Пешниҳод мекунам, ки шумори мансабдорони дастгоҳи идоракунандаи давлатӣ ба маротиб кам карда шуда, аз ин ҳисоб музди меҳнати мансабдорони боқимонда афзуда шавад», - гуфт ӯ.