Айни замон дар шаҳри Санкт-Петербург раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаҳои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва СААД ширкат дорад.
Имрӯз ӯ бо раиси Думаи Давлатии Русия Сергей Наришкин вохӯрда, дар мулоқот масоили рушди робитаҳои байнипарлумонӣ ва ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои гуногуни минтақавӣ ва байнулмилалӣ баррасӣ шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Санкт-Петербург иттилоъ дод, Зуҳуров ба ҳамтои русиягии худ оид ба фаъолияти парлумони Тоҷикистон ва робитаҳои хориҷии он маълумот дода, таъкид дошт, ки сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе дар моҳи октябри соли равон ба рушди муносибатҳои дӯстонаи кишварҳо такони ҷиддӣ бахшид.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи густариши боз ҳам бештари ҳамкориҳо дар бахшҳои кишоварзиву иқтисод, энергетика, маориф, муҳоҷирати меҳнатӣ, варзиш ва амният табодули назар намуданд.
«Сергей Наришкин аз сатҳи ҳамкории байнипурлумонии кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуд, ки барои рушди минбаъдаи онҳо ҳеҷ монеъае вуҷуд надорад», - иброз дошт М.Султонов ва илова намуд, ки Зуҳуров ҳамсуҳбати худро ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста