Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони кишвар баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти МН МО ҶТ хабар доданд, дар ҷаласаи Шӯро дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» қарор қабул шуд, ки он рӯзи чоршанбеи ҳафтаи равон (28-уми ноябр) дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми палатаи поёнии парлумон баррасӣ хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, мутобиқи тағийроти пешниҳодшуда, минбаъд ҳамасола санаи 25-уми январ ҳамчун Рӯзи кормандони бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷлил мегардад. Рӯзи истироҳат дар ин сана пешбинӣ нашудааст.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин лоиҳаи қонун «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ», тасҳеҳот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ ва қонунҳо «Дар бораи боҷҳои давлатӣ», «Дар бораи нафақаҳои бимавӣ ва давлатӣ» ва «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» низ баррасӣ шуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста