Имрӯз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ тағйироту илова ба Кодекси гумрукро, ки аз ҷониби сарвари давлат пешниҳод шуда буданд, якдилона маъқул шуморид.
Зимни шарҳи тағйирот ба вакилон муовини аввали Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Неъмат Раҳмматов изҳор дошт, ки аз ин ба баъд ҳуҷҷатҳои расмиёти гумрукӣ ба молу маҳсулот дар кишвар аз 10 то 5 адад коҳиш меёбанд. «Коҳиши асноди расмиёти гумрукӣ бешубҳа ба рушди бозори Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд», - гуфт вай.
Раҳматов зикр кард, ки мутобиқи тағйирот шурӯъ аз 1-уми январи соли 2013 тамоми технологияи нави ба ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар воридшуда пурра аз пардохтҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.
Ба қавли ӯ, тағйирот ба синнусоли ниҳоии ба нафақа баромадани кормандони мақомоти гумрук низ дахл дошт. «Акнун кормандони мақомоти гумрук зимни ба нафақа баромадан ба кормандони ВКД ва АНМН-и Тоҷикистон баробар шуда, муҳлати нафақаи кормандони гумруки рутбаи аз сержант то капитан – 50 сол, аз майор то полковник – 55 ва ҳайати генералҳо – 60 сол муқаррар гардид», - таъкид дошт Раҳматов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста