Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, ду лоиҳаи қонуни мукаммал, аз ҷумла лоиҳаи Қонунҳо «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» баррасӣ гардиданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, лоиҳаи қонунҳои мазкурро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайринисо Юсуфӣ ва оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов муаррифӣ намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, лоиҳаи Қонун «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» асосҳои танзими давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавиро дар мамалакат муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба танзим медарорад. Инчунин вазъи ҳуқуқии субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, заминаҳои пайдоиш ва тартиби татбиқи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо ва ҷавобгарии субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавиро муайян мекунад.
Тазаккур дода шуд, ки лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» бо мақсади ба танзим даровардани раванди баимзорасонии созишномаи сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармояи мустақим ба иқтисодиёти кишвар пешниҳод гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумон ҳамчунин лоиҳаи қонунҳои Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра низ баррасӣ шуданд.
Қисме аз масъалаҳо барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки рӯзи панҷшанбе, 17-уми январ баргузор мегардад, пешниҳод ва қисми дигар барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон фиристода шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста