Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вакилони мардумӣ бидуни баррасӣ Созишномаи байниҳукуматии моҳи июни соли гузашта ба имзорасида миёни Тоҷикистону Чин дар бораи реҷаи марзи давлатии ҳарду кишварро якдилона маъқул шумориданд.
Зимни шарҳи ҷузъиёти созишнома ба вакилон раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Саймумин Ятимов зикр кард, ки дар санади мазкур қоидаҳои равуои шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёт ва ҳамлу нақли молу коло тавассути марзи давлатӣ муқаррар шудаанд. «Ғайр аз ин, дар созишнома макони гузоштани аломатҳои марзӣ ва шикор дар манотиқи наздимарзӣ муайян карда шудаанд», - гуфт вай.
Зимни ибрози андеша оид ба ин масъала раиси Кумитаи мудофиа ва амнияти парлумон Амирқулов Азимов изҳор кард, ки созишномаи мазкур ҳамчунин масоили ҳифзи муштараки муҳити зист дар манотиқи наздимарзӣ ва ҳамкории мутақобилаи сохторҳои марзбонии ҳарду ҷонибро низ танзим мекунад.
Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон ҳамчунин ворид намудани тағийрот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи милитсия» низ маъқул дониста шуд. Аз ин ба баъд Вазорати корҳои дохилӣ уҳдадор мешавад, ки ҳар моҳ ба Кумитаи андози ҷумҳурӣ дар бораи воридоти маблағҳои пулии марбут ба додани шиноснома ба шаҳрвандони кишвар маълумот пешниҳод намояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста