Дар ҷаласаи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ вакилони палатаи поёнии парлумон бидуни баррасӣ тағйирот ба қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии ҶТ» ва «Дар бораи судҳои ҶТ»-ро якдилона маъқул шумориданд.
Зимни шарҳи масъала ба вакилон муовини вазири молияи ҶТ Рӯҳулло Ҳакимов изҳор кард, ки тағйироти пешниҳодшуда пеш аз ҳама, ба амалисозии ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоии дар кишвар идомадошта нигаронида шудаанд.
«Мувофиқи тағйирот, аз ин ба баъд судяҳои Суди конститутсионии Тоҷикистон пас аз 35 соли фаъолият ба нафақа рафта метавонанд. То имрӯз ин муҳлат ба 20 соли фаъолият баробар буд, - гуфт ӯ. – Ғайр аз ин, то тағйирот ҳаҷми нафақапулии онҳо 80% аз ҳаҷми музздати меҳнатро ташкил дода, пас аз тағйирот он ба 65%-и ҳаҷми музди меҳнат баробар хоҳад шуд».
Тибқи тағйироти қабулшуда ба қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои ҶТ», аз ин пас аъзои оилаи кормандони мақомоти судии кишвар дигар аз ҳисоби буҷети давлатӣ бо хизматгузории ройгони тиббӣ ва муолиҷа дар осоишгоҳҳо таъмин карда намешаванд. Аз ин имтиёзот танҳо судяҳои нафақахӯр истифода карда метавонанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста