Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонунҳо «Дар бораи боҷҳои давлатӣ» ва «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»-ро дастгирӣ намуданд.
Зимни ба вакилон шарҳ додани моҳияти тағийрот ба қонун раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов изҳор намуд, ки пас аз қабули он ҳаҷми чанде аз боҷҳои давлатӣ дар кишвар зиёд мешавад. «Дар тағйирот афзоиши ҳаҷми боҷи давлатӣ барои иҷозати вуруд ба кишвар ва хориҷ шудан аз он, боҷ барои додани раводиди Тоҷикистон, гирифтани ваколатнома барои идораи воситаи нақлиёт ва расмиёти нотариалии баъзе ҳуҷчатҳо пешбинӣ шудааст», - гуфт ӯ, вале мушаххасан аз то кадом андоза афзудани ҳаҷми онҳо сухан нагуфт ва вакилон ҳам аз ӯ дар ин хусус чизе напурсиданд.
Танҳо вакил Низом Қосим ба ҳаҷми боҷи иҷозати хориҷ шудан ва ба кишвар баргаштан таваҷҷуҳ зоҳир кард. «Боҷи иҷозати вуруд ба кишвар ва хориҷ шудан аз онро мо чор маротиба зиёд мекунем, ки метавонад барои афроди муваққатан аз кишвар хориҷшаванда монеъа эҷод созад», - гуфт ӯ.
Дар посух ба он раиси Кумитаи андоз зикр кард, ки айни замон ҳаҷми боҷи давлатӣ барои иҷозати вуруд ба кишвар ва хориҷ шудан аз он 40 сомонӣ ва пас аз қабули тағйирот 160 сомониро ташкил хоҳад дод, ки афзоиши начандон назаррас аст.
Мувофиқи тағйироти тасдиқшуда ба қонуни ҶТ «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», минбаъд дар Тоҷикистон пардохти рекламаи беруна аз ҷониби паҳнкунандаи он сурат мегирад. Қаблан фармоишгарони ин рекламаҳоро низ ба чунин пардохт уҳдадор мекарданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста