Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи навбатии ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии ҶТ барои соли 2013»-ро ба палатаи поёнии парлумон ирсол намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» узви Кумитаи МН МО ҶТ оид ба молия ва буҷет Исмоил Талбаков хабар дод, мувофиқи тағийроти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда, барои ба ҷумҳурӣ ворид намудани 20 адад автобусҳои муосир ва 40 ададҳои мошинҳои сабукрави мусофирбар, озод кардани Ҷамъияти саҳҳомии «Холдинг Контргрупп Тоҷикистон» аз пардохти андоз аз арзиши изофа (ААИ) ва боҷҳои гумрукӣ пешниҳод мешавад.
Ба гуфтаи Талбаков, ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин дархост кардааст, ки тамоми субъектҳои хоҷагидорие, ки соли 2013 ба ҷумҳурӣ нияти ворид кардани саршумори говҳои зотиро доранд, низ аз пардохти ААИ ва боҷҳои гумрукӣ озод карда шаванд. «Аммо то ҳол маълум нест, ки дар натиҷаи қабули ин тағийрот буҷет аз дастрасии чӣ миқдор маблағ маҳрум мешавад», - афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки аввали ҳафтаи гузашта Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти терминали марказии мусофиркашонии пойтахт (автовокзал) пас аз таъмиру таҷдид ҳусни оғоз бахшид. Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи иншоот сарвари давлат таъкид кард, ки саристгоҳ ё вокзали автобусҳои пойтахт тайи чанд соли охир аз фаъолият бозмонда буд ва бо ташаббуси роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии «Холдинг Контгрупп Тоҷикистон» дар муддати начандон тӯлонӣ якҷо бо шарикони сармоягузор бо сарфи 140 миллион сомонӣ ва бо истифода аз технологияҳои муосири сохтмону меъморӣ таъмиру таҷдид гардид ва имрӯз мавриди истифодаи мусофирон қарор дода шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста