Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми МН МО ҶТ даъвати чорум лоиҳаи Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, роҷеъ ба лоиҳаи Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Вазири адлия Рустам Менглиев, намояндагони мардумӣ дар парлумон Насрулло Маҳмудов ва Саттор Холов суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки лоиҳаи кодекси мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи президенти Тоҷикистон бо мақсади такмили қонунгузории соҳаи мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳия ва барои баррасӣ ва қабул ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.
Зикр гардид, ки лоиҳаи ин Кодекс дар заминаи қисми мурофиавии Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фаслҳои 3 ва 4) таҳия гардида, масъалаҳои пешбурд ва баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ такмил дода шудаанд. Доираи фаъолияти мақомот ва шахсони ваколатдор васеъ гардида, дар баробари ин, ваколати онҳо бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат ва субъектони хоҷагидор мушаххас гардонида шудааст.
Дар лоиҳаи Кодекси мазкур тартиби барасмиятдарорӣ, пешбурд, тартиби баррасӣ, қабули қарор, шикоят овардан ба мақомоти болоӣ ва ё шахсони мансабдори болоӣ, ба суд, аз ҷумла ба коллегияҳои судии судҳои болоӣ аз рӯи қарорҳои қабулгардида, тартиби иҷрои санадҳои қабулгардида ва дигар масъалаҳо ба таври мушаххас пешбинӣ карда шудаанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда, аз рӯи он қарори дахлдор қабул намуданд.
Дар хотимаи ҷаласа вакилон лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро пас аз шарҳу тавзеҳи вакил Акрамшо Фелалиев баррасӣ ва қабул намуданд.
Ғайр аз ин, аз ҷониби палатаи поёнии парлумон як қатор созишномаҳои қарзӣ ва бурсии баимзорасида миёни ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилалии молиявӣ низ ба тасвиб расид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста