Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ як модда дар Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти прокуратура» бекор шуд, ки дахолатнопазирии прокуророну муфаттишонро таъмин мекард.
Зимни суханронӣ доир ба ин масъала, прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода зикр кард, ин ташаббуси ҳукумат ба пешгирӣ ва тақвияти мубориза бо коррупсия миёни кормандони прокуратура равона шудааст.
«Пас аз қабули тағйироту мазкур прокурору муфаттишон барои қонуншиканиҳои маъмуриву ҷиноӣ аз ҷониби прокурори генералӣ ва барои содир намудани ҷиноёти коррупсионӣ аз ҷониби директори агентии зиддифасод ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд», - иброз дошт Салимзода.
Дар идома вакилон тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи судҳо»-ро дастгирӣ намуданд. Тибқи ин тағйирот, аз ин ба баъд парвандаҳои ҷиноӣ нисбати судяҳоро прокурори генералӣ боз карда, баррасии он ба дӯши Суди олии кишвар вогузор мегардад. «Ин тағйирот низ ба пешгирӣ ва тақвияти мубориза бо коррупсия миёни судяҳо нигаронида шудааст», - гуфт ӯ.
Вакилони парлумон ҳамчунин тағйирот ба қонун «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия»-ро низ маъқул шумориданд, ки мутобиқи он парвандаҳои ҷиноӣ ва маъмурӣ нисбати кормандони Агентии мазкур аз ҷониби прокурори генералӣ боз карда мешавад.
Ш.Салимзода таъкид кард, ки агар аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод ҷиноёти коррупсионӣ содир карда шавад, парвандаи ҷиноӣ нисбати онҳоро роҳбари Агентии зиддифасод боз мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста