Дар палати поёнии парлумони мамлакат таҳти раёсати муовини раиси МНМО ҶТ Мирганд Шабозов муҳокимаи ошкорои парлумонӣ баргузор шуда, дар он масъалаи таъмини молиявии татбиқи қарори ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқи Нақшаи стратегии оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар давраи то соли 2014» баррасӣ шуд. Дар он намояндагону масъулони вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла вазоратҳои тандурустӣ, молия, палатаи ҳисоб ва дигар ниҳодҳои марбута иштирок доштанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти МНМО ҶТ, зимни суханрониҳо дар робита ба ин масъала раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайринисо Юсуфӣ, вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Дилмурод Давлатов ва муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Руҳулло Ҳакимов таъкид намуданд, ки нақшаи стратегии зикршудаи ҳукумати кишвар, қабл аз ҳама ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ, танзими афзоиши шумори аҳолии ҷумҳурӣ ва ҳифзи солимии занону кӯдакон нигаронида шудааст.
«Маърӯзачиён зарурати ҷалби фаъолонаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои мададрасони байнулмилалӣ дар амалисозии нақшаи стратегии мазкурро таъкид карданд», - иттилоъ медиҳад манбаъ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста