Лоиҳаи қонун «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», ки дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои МНМО ҶТ баррасӣ шуд, аз ҷониби ҳукумати кишвар бо мақсади роҳандозии сиёсати ягона дар бахши муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва ҳамчунин ташкили заминаи ҳуқуқӣ барои таъмини бехатарии он таҳия гардидааст.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Кумита оид ба масоили аграрӣ, захоири обӣ ва замини МНМО ҶТ Саиди Ёқубзод дар ин робита изҳор намуд, ки қабули лоиҳаи қонуни мазкур ба ҷалби сармоя ва бурсҳо ҷиҳати таъмини бехатарии партовҳои радиоактивӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад, ки ҳаҷми он дар кишвар беш аз 55 млн. тонна (асосан дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ) арзёбӣ мешавад.
«Айни замон ба масъалаи таъмини бехатарии партовҳои радиоактивӣ дар Тоҷикистон асосан Русияву Қазоқистон ва Қирғизистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир месозанд», - гуфт номбурда.
Дар идома ӯ зикр кард, ки масъалаи баррасии лоиҳаи қонуни мазкур ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки рӯзи 5-уми июн баргузор мегардад, ворид карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста