Мувофиқи меъёрҳои қонун «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», ки дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи болоии парлумон тасдиқ шуд, ҳукумати Тоҷикистон ба маҳдуд кардани ҳаҷми гардиши асъори хориҷӣ дар қаламрави кишвар ҳуқуқ пайдо мекунад.
Ба гуфтаи вакили МММО ҶТ Саймурод Тағоев, дар сурати босуръат поин рафтани қурби асъори миллӣ – сомонӣ ва бартараф сохтани таҳдидҳои пайдошуда ба иқтисоди миллӣ, ҳукумат метавонад аз ин ҳуқуқ истифода барад. «Аммо муҳлати маҳдудиятҳое, ки ҳукумат дар ҳолатҳои зикршуда истифода мекунад, набояд аз шаш моҳ зиёд бошанд», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки санаи 24-уми апрели соли равон палати поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи қонуни аз ҷониби сарвари давлат пешниҳодшуда «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор»-ро тасдиқ намуд.
Ба гуфтаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов, лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади иҷрои дурнамои сиёсати моливу қарзии кишвар бо назардошти узвият ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ва ҳамчунин вазъи воқеӣ дар иқтисод, молия ва низоми амалиёт бо асъор ва савдои хориҷӣ таҳия шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста