Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон Созишномаҳои қарзӣ миёни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Эксимбонки Чин дар бораи маблағгузорӣ ба лоиҳаи «Шаҳри бехатар» ва лоиҳаи азнавсозии зеристгоҳи барқии 500 кВт Регар ба маблағи умумии 58,9 млн. доллари ИМА тасдиқ шуданд.
Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба созишномаҳои мазкур вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор намуд, ки дар доираи амалисозии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар тамоми чорроҳаву гардишҳо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе камераҳои мушоҳидаи видеойӣ гузошта мешаванд ва ба ин васила бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва тартиботи ҷамъиятӣ бо таҷҳизоти худкори элкетронӣ назорат хоҳад шуд. Арзиши лоиҳа 22 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, маблағ дар шакли қарзи имтиёзнок аз ҷониби Эксимбонки Чин пешниҳод мегардад.
«Қарз дар муддати 20 сол аз ҳисоби ҷаримаҳои пардохтшуда барои вайрон кардани ҳаракати роҳ баргардонида мешавад», - гуфт С.Наҷмиддинов.
Дар мавриди созишномаи дуюм вазири молия зикр кард, ки зеристгоҳи барқии 500 кВт-и Регар 37 сол қабл мавриди истифода қарор гирифта, айни замон дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
«Барои азнавсозии зеристгоҳ тибқи лоиҳа 36,9 млн. доллари ИМА пешбинӣ гардидааст, ки 351 млн. доллари онро ба сифати қарзи имтиёзнок ҷониби Чин ҷудо мекунад», - таъкид дошт вазир.
Зимнан маълумот дода шуд, ки аз оғози сол Тоҷикистон 11 созишномаи қарзии бурсӣ ба маблағи умумии 899 млн. сомонӣ, аз ҷумла 7 созишномаи қарзӣ ба маблағи 460 млн. сомонӣ ба тасвиб расонидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста