Зимни нишасти хабарии имрӯза дар Суди олии ҷумҳурӣ мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов изҳор намуд, ки мансабдорони давлатии Тоҷикистон тадриҷан аз мақоми дахолатнопазирӣ маҳрум карда мешаванд.
«Моҳи гузашта мақоми дахолатнопазирии вакилони маҷлисҳои ноҳияву шаҳрӣ ва вилоятӣ ва ҳамчунин қисман прокурорҳову судяҳо бекор карда шуда, ин таҷриба идома хоҳад ёфт», - зикр кард Давлатов.
Ба қавли ӯ, имрӯз бархе ба ҳукумат ва президент пешниҳод доранд, ки ба аудиторони Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мақоми дахолатнопазирӣ дода шавад, вале он дастгирӣ намеёбад. Ӯ ба журналистон итминон дод, ки мақоми дахолатнопазирии баъзе категорияҳои хизматчиёни давлатӣ ва вакилон, ки ба он тибқи қонунгузории имрӯзаи кишвар кафолат дода мешавад, тадриҷан аз байн бардошта мешавад.
«Бекор кардани дахолатнопазирӣ талаботи асосии волоияти қонун буда, дар он мушаххасан гуфта мешавад, ки назди қонун ҳама баробаранд», - таъкид дошт мушовири давлатии президент.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, дар масъалаи нигоҳ доштан ё бекор кардани мақоми дахолатнопазирии категорияҳои ҷудогонаи хизматчиёни давлатӣ ва вакилон, созмонҳои байнулмилалӣ ба Тоҷикистон тавсияҳои зидду нақиз медиҳанд, яъне бархе ҷонибдори бекор шудани онҳо буда, дигарон боисрор нигоҳ доштани онро талаб мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста