Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва раисони ноҳияҳои пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он машварати корӣ доир намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар машварат масоили вобаста ба вазъи молиявию иқтисодии муассисаҳо ва ширкатҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ, корҳои ободонию созандагӣ ва рафти кишти такрорӣ баррасӣ шуд.
Доир ба маъалаи вазъи молиявию иқтисодии муассисаҳо ва ширкатҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ахбори вазири нақлиёти кишвар ва роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоию фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе шунида шуд. Тавре зикр гардид, танҳо 47% мусофиркашонии ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон тавассути ширкатҳои ватанӣ амалӣ мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳолати начандони хуби молиявию иқтисодии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии Тоҷикэйр таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ба масъулин дастур дод, ки доир ба бартараф намудани камбудию монеаҳои мавҷуда чораҳои муассир амалӣ намоянд. Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба беҳтар намудани хизматрасонӣ, ҷалби бештари муштариён ба ширкатҳои ватанӣ ва вусъат додани сохтмони терминали нави фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ва беҳсозии ҳолати фурӯдгоҳҳои дигар шаҳрҳо дода шуд.
Ба иттилои манбаъ, президенти кишвар доир ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ аз ҷумла дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Ба раисони шаҳру ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки доир ба ободу зебо кардани ин минтақа, хусусан кабудизор намудани ду паҳлӯи роҳҳои мошингарди байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва байниноҳиявӣ аз тамоми имконоти мавҷуда пурсамар истифода баранд.
Зимни ахбори вазири кишоварзӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки то имрӯз аз ҷониби хоҷагиҳои ҷамъиятии кишвар дар майдони 56 ҳазору 500 гектар кишти такрорӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин баробар ба 70% дурнамо мебошад. Сарвари давлат дар ин робита таъкид дошт, ки ҳар як ваҷаб замини обӣ бояд пурсамар истифода шуда, ду ва зиёда ҳосил рӯёнда шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста