Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов рӯзи 25-уми июл бо иштироки роҳбарони сохторҳои дахлдор оид ба сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа машварати корӣ доир намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар машварат зикр гардидааст, ки сохтмони қитъаи роҳи оҳани мазкур ба рушди иқтисоди минтақаи ҷануби кишвар, имконоти содиротиву воридотии он ва ҳамчунин афзоиши ҳаҷми боркашонӣ мусоидати назаррас хоҳад кард.
«Дар машварат қайд шуд, ки ҷиҳати амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа ва қитъаи Ваҳдат-Ёвони он, бо сармоягузорони имконпазири Чин гуфтушунид ҷараён дорад ва дар ин робита Оқилов ба сохторҳои дахлдори давлатӣ, аз ҷумла КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» оид ба таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии нақбу пулҳои дар лоиҳа пешбинишуда ва суръат бахшидан ба ҷараёни гуфтушунид бо сармоягузори чинӣ супоршҳои мушаххас дод», - гуфт Муҳиддинов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста