Таҳти раёсати нахуствазири ҷумҳурӣ Оқилов Оқилов оид ба баррасии масъалаи ҷараёни сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор машварати корӣ доир гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, нахуствазир таваҷчуҳи ҳозиринро ба масъалаи суръатбахшӣ ба корҳои сохтмони иншшоти мазкур ҷалб намуда, таъкид дошт, ки мувофиқи нақша, навбати аввали он бо иқтидори 50 МВтт тирамоҳи соли равон ба истифода дода мешавад.
«Дар ин робита нахуствазир ба сохторҳои дахлдор супориш дод, ки барои бо гармиву оби гарми маркази нав таъмин намудани пойтахт, ҷиҳати сохтмони беш аз 3 километр хатҳои интиқолӣ гармӣ, таъмири хатҳои мавҷуда ва таъмиру барқарор кардани фаъолияти дегхонаҳои ғарбиву шарқии шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешанд», - гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 аз ҳисоби қарзи бонкҳои чинии «Эксимбонк» ва Бонки рушди Чин маблағгузорӣ мешавад. Ҳаҷми маблағгузорӣ ба МБГ Душанбе-2 бо иқтидори 200 Мвт 30 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста