Имрӯз аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи қонун «Оид ба ворид намудани тагйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013»-ро баррасӣ карданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумон, роҷеъ ба масъалаи мазкур раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, афзалиятҳое, ки аз паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вохӯриҳояш бо намояндагони аҳли ҷомеа бармеоянд, ба инобат гирифта шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин масоили ворид намудани тағйироту идова ба Қонунҳои ҶТ ««Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи монополияҳои табиӣ» ва Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баррасӣ шуданд.
Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯро воридшуда фикру андешаҳои худро ҷиҳати боз ҳам такмил ёфтани онҳо изҳор дошта, онҳо ҷиҳакти баррасии минбаъда ба кумита ва комиссяиҳои дахлдор парлумон ирсол гардиданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста