Чанде қабл раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Кумита оид ба корҳои ИДМ ва робита ба ҳамватанони Думаи Давлатии Русия Леонид Слутский ва мушовири раиси Думаи Давлатии Русия Михаилро Кротовро ба ҳузур пазируфт, ки ҷиҳати таҳияи барномаи сафари раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин ба Тоҷикистон дар нимаи аввали моҳи октябр дар Душанбе қарор доранд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов хабар дод, М.Убайдуллоев ба сатҳи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Русия дар бахшҳои сиёсату иқтисод, фарҳанг ва муносибатҳои байнипарлумонӣ баҳои баланд дода, изҳори итминон кард, ки сафари Сергей Наришкин ба Душанбе ба рушди ин ҳамкориҳо такони нав хоҳад бахшид.
«Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои таъмини амнияти минтақавӣ, ҳимояти марзи давлатӣ, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм, танзими равнди муҳоҷирати меҳнатӣ, афзоиши шумори мактабҳои русзабон дар Тоҷикистон ва ташкили курсҳои омӯзиши забони русӣ табодули назар намуданд», - зикр кард Саидов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста