Сафири тозатаъини Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов имрӯз ба Душанбе меояд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сафорати Русия дар ҶТ хабар доданд, рӯзҳои нахусти будубош дар пойтахти Тоҷикистон дипломат ба вазири корҳои хориҷии ҶТ нусхаҳои эътимодномаҳоро супурда, сипас бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид анҷом медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи августи соли ҷорӣ президенти Русия Владимир Путин дар бораи аз вазифаи сафири Русия дар Тоҷикистон озод шудани Юрий Попов ва ба ин масаб таъин гардидани Игор Лякин-Фролов фармон ба имзо расонид.
Қобили зикр аст, ки қаблан Игор Лякин-Фролов ба ҳайси намояндаи ваколатдори Русия дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ фаъолият дошта, тайи солҳои 1972-1978 дар мансабҳои гуногуни дипломатӣ дар Дастгоҳи марказии ВКХ ИҶШС ва хориҷи кишвар фаъолият намудааст.
Солҳои 1992-1995 ӯ ба ҳайси муовини директори Департаменти хадамоти консулгарии ВКХ Русия, 1995-1999 – сафири Русия дар Ҷумҳурии Бурунди, 1999-2003 – муовини директори Департаменти кишварҳои узви ИДМ дар ВКХ Русия ва аз соли 2003 – сафири Русия дар Ҷумҳурии Ботсвана ифои вазифа кардааст. Унвони дипломатии сафир ва намояндаи ваколатдори дараҷаи 1-ро доро буда, забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва чиниро балад аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста