Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ҳайати комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) оид ба масоили сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсонро ба ҳузур пазируфт. Ин ҳайатро раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба масоили тандурустӣ Сергей Калашников роҳбарӣ мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷараёни мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои парлумони Тоҷикистон бо АБП ИДМ баррасӣ шуданд. «Зуҳуров таъкид дошт, ки таҳкими робитаҳио вакилони парлумони кишвар бо ҳамтоҳои худ аз давлатҳои собиқи шӯравӣ яке аз вазифаҳои афзалиятноки парлумони Тоҷикистион аст», - гуфт котиби матбуотии парлумон.
Ба гуфтаи ӯ, қаблан дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нишасти навбатии Комисияи доимии АБП ИДМ оид ба масоили сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон баргузор гардид , ки дар он масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкорӣ байни парлумонҳои кишварҳои аъзои Иттиҳод, истифода аз таҷрибаи якдигар, шиносоӣ бо раванди таҳия ва қабули қонунҳо дар парлумонҳои ҷумҳуриҳои аъзои ин иттиҳод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
«Вакилони аъзои Комиссияи доимии АБП ИДМ оид ба масоили сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон дар ин нишаст, ҳамчунин роҷеъ ба аҳамияти як қатор қонунҳои моделӣ, аз ҷумла «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои репродуктивии шаҳрвандон» , «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» (таҳрири нав) ва ғайра табодули назар намуданд», - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки имрӯз ҷаласа ба итмом расида, нимаи дуюми рӯз меҳмонон аз шаҳри Норак ва қалъаи Ҳисор боздид мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста