Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои палатаи поёнии парлумон таҳти раёсати раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси нави андози Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Бино ба маълумоти котиби матбуоти палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов, тағйирот бештар хусусияти тасҳеҳро дошта, барои бартараф кардани мухолифатҳо дар Кодекси нави андози соли 2012 қабулшуда нигаронида шудааст.
«Барои омода кардани тағйироту илова ба Кодекси андози ҷумҳурӣ назару пешниҳодоти андозсупорандагону соҳибкорон, Хадамоти гумрук ва Кумитаи андози ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуданд ва ба баррасии вакилон 55 тағийрот пешниҳод шудааст», - зикр кард Султонов.
Ба иттилои ӯ, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси гумрук низ баррасӣ шуд.
Тамоми ин масъалаҳо ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии парлумон даъвати чорум ворид гардиданд, ки рӯзи 17-уми октябр дар Душанбе баргузор мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста