Имрӯз аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» -ро баррасӣ карданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти МНМО ҶТ, роҷеъ ба масъалаи мазкур раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, афзалиятҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯриҳояш бо намояндагони аҳли ҷомеа бармеоянд, инчунин вазифаҳое, ки аз Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015, Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2018, Консепсияҳои тараққиёти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзию энергетика, сохтмони иншоотҳои муҳими иҷтимоию давлатӣ ва дигар қарору барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дархостҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба вуҷуд омадаанд, ба инобат гирифта шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи Шӯро, ҳамчунин масъалаи ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013», лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи туризм», дар бораи лоиҳаи Барномаи давлатии қарзгирии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016», Дар хусуси Созишномаи мустақим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба дастгирии лоиҳаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд «Қарз ба Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара», гузориши Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон аз 12 то 22 сентябри соли 2013», Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон даъвати чорум, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон даъвати чорум» муҳокима шуданд.
Гуфта мешавад, аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯро воридшуда фикру андешаҳои худро ҷиҳати боз ҳам такмил ёфтани онҳо изҳор доштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста