Зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов имрӯз бо ҷараёни корҳои таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент аз наздик ошно мегардад.
Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, Оқилов имрӯз ҳамчунин бо вазъи сохтмон ва фаъолияти боз як қатор иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодии минтақаи шимоли кишвар низ шинос мешавад.
Бинои ба иттилои АМИТ «Ховар» дирӯз дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Оқил Оқилов ҷаласаи сайёри ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба замистонгузаронӣ баргузор гардид.
Сарвазири мамлакат бо натиҷагирӣ аз ҷараёни омодагиҳо ба мавсими зимистонгузаронӣ дар қаламрави вилоят изҳор дошт, ки бо вуҷуди пешравиҳо ва омодагиҳои ҷиддӣ ба ин давра мушкилот ва камбудиҳои зиёд низ мавҷуд мебошад, ки барои бартараф кардани онҳо бояд тадбирҳои саривақтии иловагӣ андешида шаванд.
Оқил Оқилов махсусан аз раванди иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, пурра фаъолият накардани нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ва таъмин накардани нақшаи истихроҷи нафт ва гази табиӣ изҳори нигаронӣ карда, ҷараёни захираи ангиштсанг ва ҳезум дар ташкилоту муассисаҳои маорифу тандурустӣ, инчунин нақшаи тайёр кардани хӯроки чорво дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоятро қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Нимаи дуюми рӯзи 25-уми октябр Оқил Оқилов дар ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд аз маҳали татбиқи лоиҳаи сохтмони такягоҳҳои асосии хати барқи баландшиддати 220 кв Қайроққум -Ашт дидан кард.
Лоиҳаи мазкур бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарзи бебозгашти Бонки осиёии рушд дар ҳаҷми 22 млн. доллари ИМА амалӣ мешавад. О. Оқилов барои оғози корҳои сохтмонии иншооти мазкур ба масьулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста