Иҷрокунандаи вазифаи нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар ҷаласаи навбатии Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки пагоҳ дар шаҳри Санкт-Петербург доир мегардад, ширкат хоҳад варзид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ беш аз 20 масъалаҳоро дар бар мегирад.
«Аз ҷумла дар ҷаласа лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 70-умиин солгарди Ғалаба дар ҶБВ, масъалаи тӯли солҳои 2014-2018 идома бахшидан ба ҷустуҷӯи хизматчиёни ҳарбии солҳои 1979-1989 дар ҷанги Афғонистон бедаракшуда, дарёфти макони гӯр шудани онҳо ва дубора дар ватан гӯронидани онҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд», - гуфт ӯ.
Ба қавли номбурда, аъзои Шӯрои нахуствазирон дар бораи муайян кардани мақоми ташкилотҳои заминавии ИДМ оид ба омӯзиши забони русӣ, такмили касбии кадрҳо дар бахши танзими зиддиинҳисорӣ ва сиёсати рақобатпазир, тайёр кардани кадрҳои низомӣ барои ҷузъу томҳои муҳандисии қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои Иттиҳод низ қарорҳои дахлдор қабул хоҳанд кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста