Муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Назира Ғаффорова ва вакилзанони МНМО ҶТ Галия Рабиева, Бибидавлат Афзалшоева, Мунаввара Кенҷаева, Мақсуда Самадова, Марҳабо Ҷабборова, Махфират Хидирова, Сабоҳат Муқумова ва Нодира Турдиматова имрӯз бо фаъолзанони вилояти Суғд видео-конфронси мустақим (он-лайн) баргузор намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷараёни конфронс Н.Ғаффорова дар бораи тадбирҳои андешидаи ҳукумат ва парлумон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар идоракунии давлат ва ҳаёти ҷомеа маълумот дод.
«Ғаффорова зикр кард, ки дар сохторҳои ҳукумати кишвар имрӯз беш аз 4,5 ҳазор нафар занон мансабҳои давлатиро ишғол намуда, ҳазорон нафар занон дар бахшҳои соҳибкорӣ, маориф, соҳаҳои иҷтимоӣ ва тандурустӣ машғули коранд. Муовини раиси палатаи поёнии парлумон ба ҳозирин хотиррасон намуд, ки занон дар таъмини осудагии рӯзгор, таҳкими оила ва таълиму тарбияи фарзандон масъулияти зиёд доранд», - иброз дошт Султонов ва илова кард, ки дар рафти конфронс вакилзанон ба саволҳои сершумори фаъолзанони вилояти Суғд оид ба масоили маориф, тандурустӣ ва роҳандозии тиҷорат посух гуфтанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста