Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералиро аз мансаб сабукдӯш кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони дигари сарвари давлат Шавкат Бобоев вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ таъин карда шуд. Ш.Бобоев қаблан ба ҳайси мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ифои вазифа мекард.
Ҳамчунин бо қарори ҳукуати ҶТ, собиқ директори иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» Усмоналӣ Сабзов вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таъин гардид.
Ёдрас мекунем, ки тибқи сохтори нави ҳайати ҳукумат, ки аз ҷониби президент маъқул шуморида шуд, Вазорати энергетика ва саноат ба ду ниҳод – Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон тақсим карда шуд.
Бо фармони президент ҳамчунин вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Раҳмат Бобокалонов низ аз вазифа озод шуда, бо амри президент ин вазорат барҳам дода шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста