- Сафари аввалини хориҷии нахуствазири тозатаъини Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон сурат мегирад. Дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд ӯ дар кори ҷаласаи 12-уми Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (28-29-уми ноябр) ширкат меварзад, - иттилоъ медиҳад портали иттилоотии 12uz.com.
Дар ҳамин ҳол, дар ҳукумати Тоҷикистон то ҳанӯз ҷиҳати сафари нахуствазири тозатаъин ба Тошканд ба хулосаи мушаххасе нарасидаанд ва ин маълумотро танҳо нимаи дуюми рӯз метавон дастрас намуд.
Гуфта мешавад, иштироки худ дар ҷаласаи Тошкандро нахуствазирони Қазоқистон Серик Ахмедов ва Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев тасдиқ кардаанд.
Дар ҷаласаи мазкур имзои созишнома дар бораи ташкили роҳ (коридор)-и байнулмилалии нақлиёти автомобилӣ аз шаҳри бандарии Люнгани Чин то Санкт-Петербурги Русия дар назар аст, ки ба ин васила кишварҳои узви СҲШ то соли 2017 роҳҳои дахлдори дохилиро барои дигар аъзои созмон боз мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки ба ҳайати Созмони ҳамкории Шанхай кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон шомиланд. Давлатҳои Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон кишварҳои нозири СҲШ ва Белорусу Туркия ва Шри-Ланка мақоми шарикон оид ба муколама дар созмонро доро мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста